ҚОИДАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ДОДАНИ НОМҲОИ ДОМЕНӢ ДАР МИНТАҚАИ .TJ

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. .TJ – домени миллии сатҳи болои (ccTLD) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Менеҷери домени миллӣ Маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Менеҷер) буда, идоракунии домени .TJ-ро мутобиқи талабот ва тавсияҳои муқаррарнамудаи ташкилоти байналмилалии ҳамоҳангсоз анҷом медиҳад, системаи номҳои доменӣ ва бақайдгирии номҳои домении минтақаи .TJ-ро идора мекунад.
3. Менеҷер сиёсати минтақаи домении .TJ-ро ташаккул ва татбиқ менамояд..
4. Менеҷер ваколатдор аст ба муносибатҳои шартномавӣ ворид шавад ва иҷрокунандагонро барои таъмини фаъолияти муттасили феҳраст ва дигар амалҳо дар минтақаи .TJ таъин намояд.
5. Амалҳои вобаста ба номҳои доменҳо, ба монанди бақайдгирӣ, азнавкунӣ, супурдан, хориҷ кардан ва барқарор намудан бо хо ҳ иши Бақайдгирандагон анҷом дода мешавад. Рӯйхати Бақайдгирандагон дар вебсайти www.nic.tj дастрас аст.

II. ПРИНСИПҲОИ БАҚАЙДГИРӢ

6. Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои бақайдгирии номи доменӣ дар минтақаи .TJ дархост пешниҳод кунанд, вале дар сурати ба вуҷуд омадани вазъияти баҳснок резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар шартҳои баробар афзалият доранд.

7. Миқдори номҳои домении бақайдгирифтаи ҳамон як Бақайдгиранда маҳдуд карда намешавад.
8. Ҳамаи дархостҳо барои бақайдгирии номҳои доменӣ бояд дар шакли зарурӣ пуркардашуда пешниҳод карда шаванд (Замимаи 1).
9. Бақайдгирии номҳои доменӣ бо тартиби воридшавии дархостҳо дар асоси принсипи "ба сараввал воридшуда - хизматрасонии аввал пешниҳод мегардад" анҷом дода мешавад, ба шарте ки онҳо пурра ба талаботи муқарраргардида мутобиқат кунанд. Дархости дертар пешниҳодшуда, вале пурра ба талабот мутобиқаткунанда нисбат ба дархости пештар пешниҳодгардида, вале нопурра ё ба талаботи муқарраргардида мутобиқатнакунанда, бартарият дорад.
10. Номи доменӣ бояд дар лаҳзаи пешниҳоди дархост барои бақайдгирӣ озод ва дастрас бошад. Дархосткунанда қабул мекунад, ки номи домении дар ибтидо озодбуда ҳангоми тафтиш дар сервери WHOIS, метавонад аллакай дар лаҳзаи бақайдгирӣ банд бошад.
11. Баъди аз ҷониби Бақайдгиранда қабул гардидани дархост, номи доменӣ ба муддати 10 рӯз барои дархосткунанда захира (ҳифз) карда мешавад. Дар муддати ин мӯҳлат дархосткунанда бояд ҳама расмиётро тибқи талаботи Бақайдгиранда иҷро намояд. Дар сурати иҷро накардани расмиёти муқарраргардида дар мӯҳлати зикршуда, номи доменӣ озод карда мешавад ва аз нав барои бақайдгирӣ дастрас мегардад. Рӯзе, ки дархосткунанда аз Бақайдгиранда огоҳинома мегирад, ки ҳама расмиёт иҷро гардидаанд ва номи доменӣ фаъол гардидааст, санаи бақайдгирӣ ҳисобида мешавад.

III. СИНТАКСИС

12. Номи домен бояд сатри дорои на зиёдтар аз 2 ва на бештар аз 63 аломатро дар бар гирад.
13. Номҳои доменӣ метавонанд аломатҳои зеринро дар бар гиранд:
   - ҳарфҳои алифбои лотинии маҷмӯи ASCII. Номҳои доменӣ нисбати феҳристи ҳарфҳо мустақил (беҳис) мебошанд;
   - рақамҳо;
   - аломати нимтире (дефис): -. Нимтире наметавонад аломати аввал ё охирин бошад, ё ки дар мавқеи сеюм ва чоруми номи домен қарор гирад.

IV. НОМҲОИ МАХСУСИ ДОМЕНӢ

14. 1. Рӯйхати номҳои махсуси доменӣ (Замимаи 2) барои ташаккули фазои номҳо дар минтақаи .TJ ворид карда мешавад. Номҳои махсуси доменӣ дорои статуси хос буда, ба қайд гирифта намешаванд, ё ки бо истифодаи қоидаҳои махсус ба қайд гирифта мешаванд:
15. Номҳои дуҳарфае, ки ба рамзҳои кишвар мутобиқат карда, тибқи ISO 3166 захира карда шудаанд (Замимаи 2, банди 2). Вале, дархост метавонад баррасӣ гардад, агар дархосткунанда нишон диҳад, ки чунин ном номи пурра ё шакли ихтисоршудаи номи ташкилот ё нишони тиҷоратии он мебошад ва инро бо далелҳои дахлдор тасдиқ кунад.

V. РАД КАРДАНИ ДАРХОСТИ БАҚАЙДГИРИИ ДОМЕН

16. Дархосткунанда бояд он далелро эътироф кунад, ки ҳатто агар Бақайдгиранда дархостро қабул намуда бошад ҳам, он метавонад баъдан аз ҷониби Менеҷер рад карда шавад.
17. Дархост метавонад бо сабабҳои зерин рад карда шавад:
   - дархост ба шакли муқаррарнамудаи Замимаи 1 мутобиқат намекунад, ва/ё ба таври пурра пур карда нашавад, ва/ё баръало шубҳанок аст;
   - номи домении дархостшаванда аз калимаҳое иборат мебошад, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ, принсипҳои башардӯстӣ, меъёрҳои қабулгардидаи ахлоқу одоб мебошанд (аз ҷумла калимаҳои дорои мазмуни қабеҳ (бешармона), даъватҳои дорои хислати ғайриинсонӣ, таҳқиркунандаи шарафи инсон ё ҳиссиёти динӣ ва ғайра);
   - номи домении дархостшаванда ба қоидаҳои синтаксисии муқарраргардида мутобиқат намекунад;
   - номи домении дархостшаванда дар лаҳзаи бақайдгирӣ захира шудааст ё ба қайд гирифта шудааст.
   - номи доменӣ аз ҷониби ICANN ба сифати домени умумии сатҳи боло таъин карда шудааст.

VII. НОМИ ДОМЕН ВА НИШОНҲОИ ТИҶОРАТӢ

22. Номи домении бақайдгирифташуда мақоми нишони тиҷоратиро надорад.
23. Дархосткунанда ӯҳдадор мешавад, ки номи домен барои бадномкунии нишони тиҷоратии бақайдгирифташуда истифода карда намешавад, бо он якхелла ё монанд нест, ба манфиатҳои моликони нишони тиҷоратӣ ё шахсони сеюме, ки онро қонунан дар фаъолияти худ истифода мекунанд, зиён намерасонад.

VIII. ИВАЗКУНИИ БАҚАЙДГИРАНДА

24. Регистрант (Бақайдгирифташаванда) ҳуқуқ дорад ҳар вақт Бақайдгирандаро иваз кунад. Ӯ Бақайдгирандаи пештараро дар хусуси қарори худ хабардор мекунад ва дар ин маврид расмиёти заруриро анҷом медиҳад, агар ин дар шартнома бо ӯ (он) пешбинӣ шуда бошад. Агар дар мӯҳлати 10 рӯз аз ҷониби Бақайдгиранда эътирозномаи далелнок ворид нагардад, Бақайдгирифташаванда ҳамаи ӯҳдадориҳои худро иҷрокарда меҳисобад ва ба воситаи Бақайдгирандаи нав расмиёти гузаштаро анҷом медиҳад. Дар сурати, агар Бақайдгиранда фаъолияти худро қатъ карда бошад, Бақайдгирифташаванда дар мӯҳлати як моҳи баъди дар ин бора хабардор карда шудан аз ҷониби Бақайдгиранда ё Менеҷери худ бояд дигар Бақайдгирандаро интихоб намояд.

IX. ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ БАҲСНОК

25. Ҳамаи масъалаҳои баҳсноке, ки ҳангоми бақайдгирии номи домен дар минтақаи .TJ ба миён меоянд, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сиёсати ягонаи ҳалли баҳсҳо нисбати номҳои доменӣ, ки ICANN аз 24 октябри соли 1999 тасдиқ кардааст, ба танзим дароварда мешаванд.
26. Тарафҳои баҳс барои ҳама гуна хароҷоте, ки ҳангоми батанзимдарории он ба вуҷуд меоянд, масъулияти мустақил доранд.

Замимаи 1

ШАКЛИ ДАРХОСТ
барои бақайдгирӣ дар минтақаи .TJ

Қисми 1. Иттилоот оид ба домен                              
Номи домен  
Тавсиф (барои кадом мақсад)  
Барои шахсони ҳуқуқӣ:  
Номи ташкилот  
Суроғаи ҳуқуқии ташкилот  
Суроға барои тамос  
Телефони тамос  
Факс  
Почтаи электронӣ  
Барои шахсони воқеӣ:  
Ному насаб  
Суроға барои тамос  
Телефони тамос  
Факс  
Почтаи электронӣ  
Қисми 2. Иттилооте, ки барои ворид намудан ба манбаи бақайдгирӣ зарур мебошад (бо забони англисӣ)                                                           
Молики домен - Domain Name Owner:  
Organization/Person Name  
Street  
City  
State  
Country  
Тамоси маъмурӣ - Administrative contact:  
NIC handle  
Name  
Organization Name  
Street  
City  
State  
Country  
Phone  
Fax  
Email  
Тамоси техникӣ - Technical contact:  
NIC handle  
Name  
Organization Name  
Street  
City  
State  
Country  
Phone  
Fax  
Email  
Серверҳо барои бақайдгирии домен - DNS servers:  
Primary Server Hostname  
Primary Server Netaddress  
Secondary Server Hostname  
Secondary Server Netaddress  

Замимаи 2

НОМҲОИ ДОМЕНИИ МАХСУС

1. Номҳои домении дар поён овардашуда ба қайд гирифта намешаванд ва барои таъсиси минтақаҳои сатҳи сеюм хизмат мекунанд (минтақаи васеъ ё зериминтақаи .TJ):

ac.tj com.tj gov.tj museum.tj org.tj
aero.tj coop.tj info.tj my.tj pro.tj
biz.tj edu.tj int.tj name.tj web.tj
co.tj go.tj mil.tj net.tj  

Доменҳои gov.tj (go.tj), mil.tj барои эҳтиёҷоти давлатӣ истифода бурда мешаванд ва идоракунии онҳо тибқи тартиб ва қоидаҳое, ки мақомоти давлатии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, анҷом дода мешавад.
2. Номҳои дуҳарфае, ки бо рамзҳои дуҳарфаи кишварҳо аз рӯи таснифоти IANA якхела мебошанд, мувофиқи рӯйхати дар поён овардашуда ба қайд гирифта намешаванд:

ac.tjbi.tjcs.tjga.tjid.tjla.tjmt.tjpk.tjsm.tjua.tj
ad.tjbj.tjcu.tjgb.tjie.tjlb.tjmu.tjpl.tjsn.tjug.tj
ae.tjbm.tjcv.tjgd.tjil.tjlc.tjmv.tjpm.tjso.tjuk.tj
af.tjbn.tjcx.tjge.tjim.tjli.tjmw.tjpn.tjsr.tjum.tj
ag.tjbo.tjcy.tjgf.tjin.tjlk.tjmx.tjpr.tjst.tjus.tj
ai.tjbr.tjcz.tjgg.tjio.tjlr.tjmy.tjps.tjsv.tjuy.tj
al.tjbs.tjde.tjgh.tjiq.tjls.tjmz.tjpt.tjsy.tjuz.tj
am.tjbt.tjdj.tjgi.tjir.tjlt.tjna.tjpw.tjsz.tjva.tj
an.tjbv.tjdk.tjgl.tjis.tjlu.tjnc.tjpy.tjtc.tjvc.tj
ao.tjbw.tjdm.tjgm.tjit.tjlv.tjne.tjqa.tjtd.tjve.tj
aq.tjby.tjdo.tjgn.tjje.tjly.tjnf.tjre.tjtf.tjvg.tj
ar.tjbz.tjdz.tjgp.tjjm.tjma.tjng.tjro.tjtg.tjvi.tj
as.tjca.tjec.tjgq.tjjo.tjmc.tjni.tjru.tjth.tjvn.tj
at.tjcc.tjee.tjgr.tjjp.tjmd.tjnl.tjrw.tjtj.tjvu.tj
au.tjcd.tjeg.tjgs.tjke.tjmg.tjno.tjsa.tjtk.tjwf.tj
aw.tjcf.tjeh.tjgt.tjkg.tjmh.tjnp.tjsb.tjtl.tjws.tj
ax.tjcg.tjer.tjgu.tjkh.tjmk.tjnr.tjsc.tjtm.tjye.tj
az.tjch.tjes.tjgw.tjki.tjml.tjnu.tjsd.tjtn.tjyt.tj
ba.tjci.tjet.tjgy.tjkm.tjmm.tjnz.tjse.tjto.tjyu.tj
bb.tjck.tjfi.tjhk.tjkn.tjmn.tjom.tjsg.tjtp.tjza.tj
bd.tjcl.tjfj.tjhm.tjkp.tjmo.tjpa.tjsh.tjtr.tjzm.tj
be.tjcm.tjfk.tjhn.tjkr.tjmp.tjpe.tjsi.tjtt.tjzw.tj
bf.tjcn.tjfm.tjhr.tjkw.tjmq.tjpf.tjsj.tjtv.tj
bg.tjco.tjfo.tjht.tjky.tjmr.tjpg.tjsk.tjtw.tj
bh.tjcr.tjfr.tjhu.tjkz.tjms.tjph.tjsl.tjtz.tj

3. Номҳои домении географӣ номҳои ташаккулёфтаи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешаванд. Доменҳои географӣ барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон захира карда шудаанд ва танҳо дар асоси қарори онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

asht.tjisfara.tjmastchoh.tjshahritus.tj
ayni.tjishkashim.tjmuminobod.tjshokhmansur.tj
badakhshan.tjishkoshim.tjmurghab.tjshughnon.tj
badakhshon.tjismoilisomoni.tjmurghob.tjshugnon.tj
baljuan.tjismoili-somoni.tjnorak.tjshuroobod.tj
baljuvon.tjistaravshan.tjnosiriкhusrav.tjsino.tj
bohtar.tjjabborrasulov.tjnosiri-кhusrav.tjsogd.tj
bokhtar.tjjabbor-rasulov.tjnurek.tjspitamen.tj
dangara.tjjaloliddinirumi.tjnurobod.tjsugd.tj
danghara.tjjaloliddini-rumi.tjpanj.tjtajikistan.tj
darvaz.tjjillikul.tjpanjakent.tjtavildara.tj
darvoz.tjjirgatal.tjqabodiyon.tjtemurmalik.tj
dushanbe.tjjirgatol.tjqumsangir.tjtojikiston.tj
faizobod.tjjomi.tjqurghonteppa.tjtojikobod.tj
farkhor.tjkhatlon.tjrasht.tjtursunzoda.tj
firdavsi.tjkhorog.tjroghun.tjvahdat.tj
gafurov.tjkhorugh.tjrogun.tjvahsh.tj
gbao.tjkhovaling.tjroshtqala.tjvakhsh.tj
ghafurov.tjkhujand.tjrrp.tjvanj.tj
ghonchi.tjkhuroson.tjrudaki.tjvarzob.tj
gonchi.tjkonibodom.tjrushan.tjvmkb.tj
hamadoni.tjkuhistonimastchoh.tjrushon.tjvose.tj
hatlon.tjkuhistoni-mastchoh.tjsarband.tjyovon.tj
hisor.tjkulob.tjshahrinav.tjzafarobod.tj
horog.tjqulob.tjshahriston.tj

4. Номҳои домении дар поён овардашуда тибқи тавсияҳои ICANN ва IANA захира карда шудаанд:

afrinic.tjgtld-servers.tjietf.tjpso.tj
apnic.tjiab.tjinternic.tjrfc-editor.tj
arin.tjiana.tjirtf.tjripe.tj
aso.tjiana-servers.tjistf.tjroot-servers.tj
dnso.tjicann.tjlacnic.tj
example.tjiesg.tjlatnic.tj

5. Номҳои домение, ки дар мавқеи сеюм ва чорум нимтире доранд (масалан, bq--ksd.tj) ба қайд гирифта намешаванд.
Эзоҳ: Номгӯи номҳои домении махсус метавонад ҳангоми зарурат тағйир дода шавад ва илова карда шавад.

Замимаи 3

ИВАЗШАВИИ МОЛИКИ ДОМЕН

Вогузоркунии ҳуқуқ ба домен, ивазкунии молики домен дар асоси ариза анҷом дода мешавад.
Ариза ба унвони Маъмур ё иҷрокунандаи ваколатдорнамудаи ӯ пешниҳод карда мешавад. Вогузоркунии ҳуқуқ ба домен бақайдгирии нав ҳисобида мешавад, яъне санаи нави бақайдгирӣ муқаррар карда мешавад ва аз молики нав пардохти барои домен муқарраргардида ситонида мешавад.

Матни ариза:

1. Аз шахси воқеӣ ба шахси воқеӣ:
Ман, (ному насаб ва маълумоти шиноснома), хоҳишмандам ҳуқуқи моликӣ ба домен(ҳо) (номи домен(ҳо) ба (ному насаби шахсе, ки ҳуқуқ ба домен ба ӯ возугор карда мешавад) вогузор карда шавад.
Имзо / Сана / Нусхаи шиноснома

2. Аз шахси воқеӣ ба шахси ҳуқуқӣ:
Ман, (ному насаб ва маълумоти шиноснома), хоҳишмандам ҳуқуқи моликӣ ба домен(ҳо) (номи домен(ҳо) ба (номи пурраи шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқ ба домен ба ӯ вогузор карда мешавад.
Имзо / Сана / Нусхаи шиноснома

3. Аз шахси ҳуқуқӣ ба шахси воқеӣ (дар варақаи ташкилот):
Ташкилоти (номи пурраи шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқ ба доменро вогузор мекунад) дар шахси (ному насаб), хоҳиш мекунад ҳуқуқи моликӣ ба домен(ҳо) ба (ному насаб ва маълумоти шиносномавии шахсе, ки ба ӯ ҳуқуқҳо ба домен(ҳо) вогузор карда мешаванд).
Имзо / Сана / Мӯҳр

4. Аз шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқӣ (дар варақаи ташкилот):
Ташкилоти (номи пурраи шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқ ба доменро возугор мекунад) дар шахси (ному насаб), хоҳиш мекунад ҳуқуқи моликӣ ба домен(ҳо) ба (номи пурраи шахси ҳуқуқие, ки ба он ҳуқуқҳо ба домен(ҳо) вогузор карда мешаванд).
Имзо / Сана / Мӯҳр

Замимаи 4

НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ РАСМИЁТИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ИДОРАКУНИИ СИСТЕМАҲОИ НОМҲОИ ДОМЕНИРО ДАР ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ МУҚАРРАР МЕКУНАНД

1. Request for Comments 2181 "Clarifications to the DNS Specification" - R.Elz, R.Bush - July 1997.
2. Request for Comments 1912 "Common DNS Operational and Configuration Errors" - D.Barr - February 1996.
3. Request for Comments 1591 "Domain Name System Structure and Delegation" - J.Postel - March 1994.
4. Request for Comments 1535 "A Security Problem and Proposed Correction With Widely Deployed DNS Software." - E. Gavron. - October 1993.
5. Request for Comments 1123 "Requirements for Internet Hosts - Application and Support" - R.Braden - October 1989.
6. Request for Comments 1035 "Domain names - implementation and specification" - P.V.Mockapetris - November 1987.
7. Request for Comments 1034 "Domain names - concepts and facilities" - P.V.Mockapetris - November 1987.
8. Request for Comments 1033 "Domain administrators operations guide" - M.Lottor - November 1987.
9. Request for Comments 1032 "Domain administrators guide" - M.K.Stahl - November 1987.
10. Request for Comments 0973 "Domain system changes and observations" - P.V.Mockapetris - January 1986.
11. Request for Comments 0921 "Domain name system implementation schedule - revised" - J.Postel - October 1984.
12. Request for Comments 0920 "Domain requirements" - J.Postel, J.K.Reynolds - October 1984.
13. Request for Comments 0883 "Domain names: Implementation specification" - P.V.Mockapetris - November 1983.
14. Request for Comments 0882 "Domain names: Concepts and facilities" - P.V.Mockapetris - November 1983.
15. Request for Comments 0799 "Internet name domains" - D.L. Mills - September 1981.
16. IANA TLD "Delegation Practices Document" (ICP-1), May 1999.
17. Standard ISO 3166.
18. RIPE-007 "Some practical DNS advice", February 1990.
19. RIPE-203 "Recommendations for DNS SOA Values", June 1999.
20. RIPE-114 "Taking Care of Your Domain", May 1994.